<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><title>Забури Довуд Таронаи 99</title>
<lyrics>[V1]
 Забури Довуд Таронаи 99
 Дар шаъни Худованд бонги шодӣ занед, эй тамоми аҳли замин!
 Худовандро бо шодӣ ибодат намоед;
 пеши Ӯ бо таронасароӣ биёед.
 Бидонед, ки Худованд Худост;
 Ӯ моро офаридааст, ва мо аз они Ӯ ҳастем, қавми Ӯ ва гӯсфандони чарогоҳи Ӯ.
 Ба дарвозаҳои Ӯ бо шукрона биёед, ба саҳнҳои Ӯ бо ҳамду сано;
 Ӯро ҳамд гӯед, исми Ӯро муборак хонед.
 Зеро ки Худованд некӯст, эҳсони Ӯ то абад аст, ва садоқати Ӯ то абадуддаҳр.</lyrics>
</song>